Хабаргузории Абна, Гуруҳи байналмилал: Шайх Наим Қосим дар мансаби кунунии худ ба унвони Дабири кулли Ҳизбуллоҳ яке аз душвортарин масъулиятҳоро дар таърихи фаъолияти худ ва ҳамчунин дар таърихи Ҳизбуллоҳ бар дӯш гирифтааст. Ин масъулияти вазнин ва бузурге аст, ки бар дӯши Шайх Наим Қосим гузошта шудааст.
Ӯ ин миссияро дар замони ҷанг, зери оташ ва бо таваҷҷӯҳ ба халои бузурге, ки дар мансаби Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба дунболи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва Сайид Ҳошим Сафиуддин ба вуҷуд омада буд, бар уҳда гирифт. Шайх Наим Қосим ба аҳду ваъдаи худ вафодор монд ва ин масъулиятро бо далерӣ ва хирад бар уҳда гирифт.
Варда Саъд, хабарнигори хабаргузории Меҳр, дар мавриди ин шахсияти истисноӣ дар сатҳи раҳбарии муқовимати Лубнон, бо Али Ҷобир, яке аз аъзои Шӯрои марказии Ҳизбуллоҳ, мусоҳиба анҷом додааст, ки муфассали он аз назар мегузарад:
Шайх Наим Қосим, Дабири кулли Ҳизбуллоҳ, бо вуҷуди он ки даҳаҳои тӯлонӣ дар кори муқовимат ва ҷиҳоди таблиғӣ ширкат дошт, аммо барои бисёриҳо ношинохта мондааст; ба ин маъно, ки ҷанбаҳои зиёде аз шахсияти ӯ вуҷуд дорад, ки бояд рӯшан шавад ва ин ҷанбаҳо бисёр муҳим ва қобили таваҷҷӯҳанд. Пас, оё шумо метавонед бо таваҷҷӯҳ ба шинохти шахсии худ аз Шайх Наим Қосим ва наздик будан ба ӯ, баъзе аз ин сифатҳои ношинохтаро барои мо тавзеҳ диҳед?
Бисёриҳо Шайх Наим Қосимро мешиносанд, аммо иттилооти каме аз ӯ доранд. Ӯ яке аз бунёдгузорони ҷунбиши амали исломӣ дар Лубнон қабл аз зуҳури Ҳизбуллоҳ аст, ки аз батни ҷунбиши маҳрумон бунёд шуда буд, ки Имом Сайид Мӯсо Садр онро таъсис карда буд. Шайх Наим Қосим ба ҳамроҳи гурӯҳе аз бародарон дар таъсиси ин ҷунбиш ширкат дошт ва дар он замон, масъули дафтари ақидатӣ ва фарҳангӣ ва узви дафтари раҳбарии ҷунбиши маҳрумон буд.
Ӯ мисли бисёре аз дигар раҳбарони ҷунбиши маҳрумон, то замони ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон дар соли 1982 ва таъсиси Ҳизбуллоҳ, дар чаҳорчӯбаҳои дигаре фаъолият дошт. Албатта, ӯ дар ин даврон амалҳои таъсиргузори зиёде, аз ҷумла эҷоди маҷлисҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ, ба хусус барои ҷавонон, анҷом дода буд ва ҳамчунин ба ҳамроҳи дигар бародарон, Анҷумани таълимоти диниро дар Лубнон барои тарвиҷи омӯзиши динӣ таъсис кард, ки баъдан ба маҷмӯаи мактабҳо ва муассисоти омӯзишӣ дар саросари Лубнон табдил шуд. Шахсияти илмии Наим Қосим ба унвони муаллими химияи мактаби миёна ва имтиёзҳое, ки дар ин хусус дошт, низ ба ӯ дар ин роҳ кӯмаки зиёде кард.
Шайх Наим Қосим қабл аз пардохтан ба умури ҳавзавӣ ва таблиғоти динӣ, машғули тадрис буд ва ихтисоси ӯ дар заминаи комилан илмӣ қарор дошт. Шумо ин баъди илмиро дар шахсияти Шайх Наим Қосим чӣ гуна мебинед ва чӣ таъсире дар тарзи тафаккур ва равиши ӯ дар умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ доштааст?
Рӯшан аст, ки Шайх Наим Қосим таҳсилоти донишгоҳии муосирро бо таҳсилоти ҳавзавӣ даромехт ва баъдан худро вақфи он кард ва табдил ба як олими динӣ шуд ва нақшҳои муҳиммеро дар ин замина иҷро намуд. Таркиби шахсияти динӣ ва илмӣ бидуни шак бар шоистагиҳои чандгонаи Шайх Наим Қосим аз як сӯ ва методологияи фикрии ӯ аз сӯи дигар таъсир гузошт; ба тавре ки ӯ тавонист умури иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фикриро ба сурати ҷиддӣ ва бо равиши илмии чашмгир пайгирӣ кунад ва илова бар он, ҳамеша аз ду марди бузург, яъне шаҳид Сайид Муҳаммад Боқир Садр ва Имом Хумайнӣ (ра) ва тарҳи Вилоят ал-Фақиҳ илҳом мегирифт.
Шайх Наим Қосим ҳамчун мураббӣ ва нақши ӯ дар тарбияи насли ҷавон
Шайх Наим Қосим мураббӣ ва муаллим буд ва дар охири даҳаи 70 ва ибтидои даҳаи 80-уми асри гузашта таъсири васеъе бар насли ҷавон гузошт. Дарсҳо ва маҳфилҳои ӯ барои умум, ба хусус ҷавонони таҳсилкарда, бисёр ҷаззоб буданд ва ӯ ба ин нақш таваҷҷӯҳи зиёде дошт ва онро поягузори марҳилаҳои баъдӣ медонист; зеро бовар дошт, ки густариши фарҳанги динии огоҳона ва тарбияи шахсиятҳои ҷавони муъмин сутунест, ки ҳама чиз бар он бунёд мешавад. Ҳамин иттифоқ низ афтод ва бисёре аз аъзои муқовимати исломӣ ва Ҳизбуллоҳ ва баъзе аз раҳбарони он касоне буданд, ки дар маҳфилҳо ва дарсҳои Шайх Наим Қосим таълим дидаанд ва аз онҷо ба кори ҷиҳодӣ ва муқовимат пардохтаанд.
Нақши Шайх Наим Қосим қабл аз Дабири кулли Ҳизбуллоҳ
Шайх Наим Қосим қабл аз тасадди мансаби Дабири кулли Ҳизбуллоҳ, яке аз барҷастатарин раҳбарон, бунёдгузорон ва нозирон бар идораи равобити миллӣ ва минтақаӣ буд. Арзёбии шумо аз ин нақше, ки ба Шайх Наим Қосим вогузор шудааст, чист ва муҳимтарин дастоварди ӯ дар ин замина чӣ будааст?
Шайх Наим дар замони тасадди мансаби муовини Дабири кулли Ҳизбуллоҳ масъулияти умури сиёсии парлумонӣ ва сипас вазоратӣ ва иртибот бо аҳзоб ва нерӯҳои исломӣ ва миллии Лубнон ва хориҷро бар уҳда дошт. Ӯ чунон бо коромадӣ ва шоистагӣ ин умурро идора мекард, ки Сайид Шаҳидони Уммати Исломӣ, шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ба хусус дар шароити ҳассос ва рӯйдодҳои муҳимме чун интихобот ва ташкили эътилофҳо ба Шайх Наим Қосим такя мекард. Ӯ тавонист дар канори шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва бо машварат бо вай, равобити устувор ва мустаҳкамеро дар дохили Лубнон барқарор кунад ва ҳамеша боби иртиботи Ҳизбуллоҳ бо ҳама тарафҳоро дар кишвар боз нигоҳ дорад; ба хусус ин ки Лубнон кишваре бо гуногунии баланд дар сатҳи фирқаӣ, мазҳабӣ ва фикрӣ аст.
Шахсияти Шайх Наим Қосим ва равиши ӯ ба гуфтугӯ
Бисёриҳо дар бораи шахсияти Шайх Наим Қосим ва вижагиҳои ӯ сӯҳбат мекунанд. Ӯ ба гуфтугӯ ва эҳтиром ба назари дигарон ва боз будани боби иртибот бо ҳама ҷунбишҳои сиёсӣ ва фикрӣ бовар дорад. Дабири кулли Ҳизбуллоҳ ҳамчунин дорои пешинаи фарҳангии амиқ ва шинохт аз нерӯҳои сиёсӣ ва мактабҳои фиқҳӣ аст. Аз назари шумо, ҷаҳони шахсии Шайх Наим Қосим чӣ гуна аст ва чӣ гуна дар рафтори ӯ бо дигарон инъикос мешавад ва оё ба эҷоди пули иртиботӣ бо дигарон кӯмак мекунад?
Ман муътақидам, ки Шайх Наим Қосим дар мансаби кунунии худ ба унвони Дабири кулли Ҳизбуллоҳ метавонад доираи гуфтугӯ бо дигаронро густариш диҳад; ба хусус ин ки мушкилоти Лубнон фақат аз тариқи гуфтугӯ ҳал мешаванд ва таҷриба инро собит кардааст. Шайх Наим Қосим дар миёни ҳама ҷараёнҳои сиёсӣ вафикрӣ шӯҳрати зиёде дорад ва ҳама ӯро хеле хуб мешиносанд ва аз хирадаш огоҳанд. Шайх Наим Қосим шахсияти гуфтугӯмеҳвар аст, ки ба қудрати калом бовар дорад ва муътақид аст, ки калом агар бо нияти холисона бошад ва ба тарҳҳои хориҷӣ такя накунад, метавонад бисёре аз умурро ҳал кунад.
Равобити Шайх Наим Қосим бо шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва ояндаи Ҳизбуллоҳ
Равобити Шайх Наим Қосим бо шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ равобите бисёр амиқ ва самими буд ва ҳоло Шайх Наим Қосим бо таваҷҷӯҳ ба лузуми ҳифзи амонат ва идомаи роҳ ва мероси шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ аз як сӯ, ва заруратҳои тавсеъа ва бозсозӣ аз сӯи дигар, дар марҳилаи бисёр ҳассос қарор дорад. Аз назари шумо Шайх Наим Қосим ин марҳиларо чӣ гуна раҳбарӣ хоҳад кард ва чӣ таъсире бар ояндаи ин ҷунбиши ҷиҳодӣ хоҳад гузошт?
Ба назари ман бо гузашти замон, равобити хоси наздик ва маънавии миёни Шайх Наим Қосим ва шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ бештар ошкор хоҳад шуд; равобите, ки дар тӯли чандин даҳа бо ҳамоҳангии комил, ваҳдати бинишҳои бунёдин, таъйини аҳдоф ва мубориза дар роҳи дифоъ аз Лубнон ва ҷомеъаи муқовимат ва масоили уммати исломӣ, ба хусус Фаластин идома дошт. Қатъан Шайх Наим Қосим ҳамонгуна ки арзиши ин амонатро медонад, бо устуворӣ ва қувват ба ин роҳ идома хоҳад дод ва бо ҷуръат, далерӣ ва хирад, бо ҳама чолишҳо муқобила мекунад; ҳамонгуна ки пеш аз ин дар канори шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва шаҳид Сайид Ҳошим Сафиуддин ва ҳама раҳбарони шаҳиди муқовимат дар ҳамин масир қарор дошт. Бинобар ин, ман муътақидам, ки ояндаи Лубнон дар сояи раҳбарии Шайх Наим Қосим дар Ҳизбуллоҳ, ояндаи умедбахш хоҳад буд.
342/
Your Comment